Таърихи мо

Филиали бонки «Тиҷорат»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ш. Душанбе, ҳамчун филиали бонки хориҷӣ таҳти рақами БМТ №0000311 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Филиали бонки «Тиҷорат»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ш. Душанбе ягона филиали бонки хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сармояи ойномавиаш дар санаи таъсисёбиаш маблаги 5500000 доллари ИМА-ро (16409725 -сомонӣ) ташкил медод. Ҳоло бошад сармояи ойномавии Филиал 313 491 892 сомони буда, муассис ва сањмдори ягонаи Филиал, Бонки Тиыорати ЧИЭ мебошад.


Аз оғози фаъолият то ба ҳол бо бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ ва хориҷӣ ҳамкории пурсамар дорад. Филиал дар тӯли фаъолияти зиёда аз 23-солаи худ ҳамеша барои рушди иқтисодиёт, инфрасохтор, сохибкории инфиродӣ ва истеъмолот саҳми арзанда гузоштааст ва минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ин росто мавқеи устувор дошта бошад.

Please select form to show