Талабот:
маълумоти олии ҳуқуқӣ;
таҷрибаи кории на камтар аз 5-сол (дар соҳаи бонкӣ на камтар аз 2 сол)
синну сол аз 30-сола то 55;
- Пешниҳоди машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба тамоми ҷанбаҳои фаъолияти бонкӣ
- Донистани қонунҳои бонкӣ, меҳнатӣ, тиҷоратӣ ва заминаи меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти бонкӣ, молия ва ҳуқуқи корпоративӣ;
- Таҳия ва таҳлили ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла шартномаҳо, созишномаҳо, созишномаҳои меҳнатӣ, машваратҳо оид ба масъалаҳои меҳнат ва санадҳои меъёрии дохилӣ
- Таъмини мутобиқати фаъолияти корӣ ба талаботи қонунӣ ва қоидаҳои дохилии бонк.
- Мониторинги тағйирот дар қонунгузорӣ ва таъмини мутобиқати ҳуҷҷатҳои дохилии Бонк ба талаботи нав
- Ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои Ташкилот ва кормандони он дар назди мақомоти давлатӣ ва шахсони сеюм
- Иштирок дар таҳия ва татбиқи стратегияи ҳуқуқии Бонк
- Истифодаи барномаҳои компютерии MSWord, MSExcel, интернет, ва почтаи электронӣ;
- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои форсӣ ва англисӣ бартарият дорад).
Шароити кор:
реҷа: ним басти корӣ
Макони фаъолият: дафтари корӣ дар ш. Душанбе;
Шароити кор ва сатҳи музди меҳнат ба таври инфиродӣ муҳокима карда мешаванд. Барои мусоҳиба номзадҳои мувофиқ даъват карда мешаванд.
Хоҳишандон, дархости худро ба суроғаи электронии зер бифиристед:
b_t_dushanbe@tejarat-bank.tj
Дархостҳо то 25.02.с.2025 қабул карда мешаванд.